casino malaysia
casino malaysia
Самтҳои асосии сиёсати хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Президент ба Маҷлиси олӣ

wrapper

  Паём  ин муроҷиати  Президент  ба парлумон мебошад, ки зимни он    масъалаҳои  муҳими давлатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ  барои  як мӯҳлати  муайян матраҳ мешаванд. Паёми солонаи Президент аввалин бор соли 1790 дар ИМА  аз ҷониби Ҷорҷ Вашингтон ба Конгресс дар Ню Йорк ироа шудааст. Аммо  соли 1801 Президенти он вақтаи ИМА Томас Ҷеферсон ба он тағйирот илова  намуд ва иброз дошт, ки Паёми солона бояд ба таври хаттӣ пешниҳод шавад. Дар замони Иттиҳоди Шурвӣ  Паёми роҳбари давлатӣ  дар шакли маърузаи сиёсии аз ҷониби Котиби Генералии  КМ ҲКШС дар съездҳои ҳизбӣ ироа мешуд.
   Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, ҷорӣ шудани шакли идораи Президентӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятҳои Президентро мушаххас намуд, ки тибқи он Президент сиёсати дохиливу хориҷии давлатро муайян менамояд.  Барои амалӣ намудани дурнамои рушди мамлакат, Президент Паёми  солонаро бо нуқтаҳои муҳим барои  як соли дарпешистода ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд. Ин Паём ҳар сол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони  кишвар ба таври расмӣ қироат мегардад. Паёми Президент тамоми самтҳои муҳими рушди мамлакатро дар бар гирифта, асоси сиёсати давлатиро муайян менамояд.
  Сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати ҳар як давлат ба шумор рафта, манфиатҳои миллии ин ё он давлатро дар хориҷ аз мамлакат ҳифз менамояд. Бинобар ҳамин, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи системаи муносибатҳои байналмиллаӣ, сиёсати хориҷии худро дар асоси манфиатҳои миллӣ ва  ҳуқуқи байналхалқӣ ба роҳ мондааст. Самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президент муайян мекунад. Ҳамасола Презиент  тавассути Паёми худ ба Парламент, авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлатро мушаххас менамояд.
  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2021 аз паёмҳои солҳои гузашта ба куллӣ фарқ мекунад, бахусус дар самти сиёсати хориҷӣ, ки дар ҳоли ҳозир буҳрони шадиди Covid-19    тамоми  ҷомеаи ҷаҳониро  дар самтҳои мухталиф ба чолиш кашидааст. Роҳҳои  транзитии  байнидавлатӣ ва муомилоту рафтуомади фаромиллӣ ба монеаҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст, аз ҷумла дар тӯли сол баста будани сарҳадҳои давлатӣ ба бисёр мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ оварда расонд. Аммо ба ҳаммаи ин монеаҳо нигоҳ накарда,  Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати хориҷиашро идома дода истодааст. Президент дар Паёмаш қайд намуд, ки  дар даврони истиқлолият Тоҷикистон бо 178 давлат муносибатҳои дипломатиро барпо намуд ва узви бонуфузи  созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ  гардидааст. Дар ҳамин замина,  муносибатҳои дӯстонаи  мо дар ҳамаи самтҳо рушд карда истодаанд, пеш аз ҳама бо мамлакатҳои ҳамсоя,  бахусус давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки мавқеи асосиро дар системаи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ишѓол менамоянд, равона  шудааст ва ин сиёсат дар оянда низ чунин рушд хоҳад ёфт. Дар баробари ин,  чун ҳамеша таваҷҷӯҳи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушд ва мустаҳкам  гардонидани ҳамкориҳои ҳамаҷониба  бо шарикони стратегӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико равона шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат қайд намуданд, ки мувофиқи ҳадафҳои стратегии дарозмӯҳлатамон, Чумҳурии Тоҷикистон мибаъд низ  муносибатҳои дӯстонаро дар асоси ҳамкориҳои  мутақобилан судманд бо давлатҳои ба мо дӯсти ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу- Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқо ва Амрико идома хоҳад дод.
  Пешвои миллат иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2007 дар системаи раводид барои убуру мурури  шаҳрвандони хориҷӣ ислоҳот ворид намуд ва дар ҳоли ҳозир барои 112 давлат  тартиби соддаи коркард ва додани раводидро муқаррар  кардааст. Яке аз соҳаи асосии рушди мамлакат ин соҳаи сайёҳӣ(туризм)  ба ҳисоб меравад, ки  сайёҳон ва  сармоягузорони хориҷиро ба иқтисодиёти мамлакат  ҷалб мекунад. Дар ҳамин масъала Пешвои миллат таъкид намуд, ки барои ҷалби минбаъдаи сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ, чораҳои иловагӣ андешида, такмил дода шавад. Президенти Тоҷикистон  бо Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, аҳамияти созмонҳои  байналмилаливу минтақавиро зарур шуморида, пешниҳод намуд, ки бо роҳандозии шарикӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ,  минбаъд низ ҳамкориҳоро дар ин самт рушд хоҳем дод. Дар ин робита, Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамкориҳоро бо СММ , созмонҳои минтақавӣ  ба монанди  СҲШ, СПАД, САҲА, ЭКО ва ИКА, инчунин бо шарикони рушд ва институтҳои молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ идома хоҳад дод. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи созмони бонуфузи минтақавӣ СҲШ  дар соли 2021 мизбонӣ ва раёсати ин созмонро бар дӯш гирифтааст. Ин маҳз дар арафаи 20 солагии Созмони Ҳамкории Шанхай сурат мегирад, ки барои Тоҷикистон ва аъзоёни дигари ин созмони бонуфуз аҳамияти муҳим дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз асосгузорони СҲШ аз рӯзҳои аввали ташкилёбӣ, дар рушду такомули ин ташкилот саҳми сазовор мегузорад.
  Оиди ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ Президенти Тоҷикистон қайд намуд, ки  Тоҷикистон ба шарофати  татбиқи  пайвастаи сиёсати хориҷии худ инчунин тавонист дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузорад. Чи тавре ки маълум аст, яке аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ин даҳсолаи “Об барои рушди устувор аст ”. Дар ин замина, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як давлати пешбар дар ҳалли масъалаҳои мубрами амният, об, экология ва тағирёбии иқлим шинохта шудааст.
  Масъалаи муҳими дигари сиёсати хориҷии Тоҷикистон ин масъалаи таъмини  амният мебошад, ки яке аз асоситарин манфиатҳои миллӣ ба шумор меравад. Ҷаҳони муосир бо таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ гардидааст, ки тамоми ҷаҳонро  нигарон кардааст. Вазъи геополитикии ҷаҳон ва минтақа сол то сол тамоюли навро пеш гирифта, торафт пешгуинашавананда  гардида истодааст ва ин ба амнияти тамоми ҷаҳон ва кишварҳои ҷудогона таъсири манфӣ мегузорад. Доир ба ин масъала  Пешвои миллат иброз дошт, ки “ҳифзи сулҳ, субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, тавре  ки ман қаблан борҳо таъкид карда будам, дар сари афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо қарор дорад”. Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи минтақаи Осиёи Марказӣ аз таҳдидҳое, ки минтақа бо онҳо рӯ ба рӯ аст, дар канор нест. Маълум аст, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои ҷаҳони муосир қарор гирифта, дар таъмини амнияти минтақавӣ нақши муҳим мебозад.
   Илова бар ин, Президенти мамлакат таъкид намуд, ки дар соҳаи амният Тоҷикистон  минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин бо дигар шарикони худ идома хоҳад дод. Мусаллам аст, ки тули чанд даҳсола мамлакати ҳаммарзи Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон суботи сиёсии дохилии ноором дошта, яке аз сарчашмаҳои тавлиди таҳдидҳои нави байналмиллалӣ ва минтақавӣ гардидааст. Ин таҳдидҳо торафт кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро нигарон карда истодаанд. Тоҷикистон талоши худро барои ҳар чӣ зудтар ҳал намудани низоъи дохилии Афѓонистон бештар мегардонад. Доир ба ин масъала Пешвои миллат дар паёми  худ иброз намуд: “Мо итминон дорем, ки субот ва амнияти пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон танҳо тавассути раванди сулҳе, ки аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ва мардуми он идора, назорат ва мусоидат карда мешавад, ба даст оварда мешавад”.
Инчунин сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёна ва дахолат накардан  ба сиёсати дигар давлатҳо ва илова бар ин Тоҷикистон сиёсати “Дарҳои боз”- ро қабул кардааст, ки нуфузи сиёсати хориҷӣ ва имиҷи кишварро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардоштааст. Оид ба ҳамин масъала  дар паёми хеш Президенти Чумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки идомаи муаррифии арзандаи нақшаҳои созанда, ибтикороти сулҳҷӯёна, ниятҳои нек ва созандаи  Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир аз ҷумлаи ҳадафҳое  мебошанд, ки барои ноил шудан ба онҳо  дар оянда саъй хоҳем кард.
Дурнамои сиёсати хориҷии ҳар як давлат  “Консепсияи сиёсати хориҷӣ” мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати хориҷиро муайян мекунад. Консепсияи  сиёсати хориҷии Чумҳурии Тоҷикистонро Президент муайян мекунад. Дар ҳамин асос Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ нуқтаи охиринро оид ба сиёсати хориҷӣ чунин иброз дошт, ки Тоҷикистон  минбаъд низ саъйҳои бештарро дар фаъолиятҳои  байналмилалӣ  мутобиқи муқаррароти  Консепсияи сиёсати хориҷии давлати мо идома хоҳад  дод.
 
Мадбеков О.Н,
ходими хурди илмии
 шуъбаи масоили сиёсии
муносибатҳои байналмилалии
 ИФСҲ  АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia